Мураббии тими “Хуҷанд” Фаррух Бердиев аз мақомаш барканор шуд

© Sputnik / Алексей Филиппов / Гузариш ба медиабонкФутбол, архивное фото
Футбол, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ёдрас мешавем, ки дар ҷадвали мусобиқа баъд аз 11 даври мусобиқаи чемпионати Тоҷикистон тими футболи “Хуҷанд” бо 24 имтиёз дар ҷойи аввал қарор гирифтааст

ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Мураббии дарвозабонони тими футболи "Хуҷанд" Фаррух Бердиев бо қарори роҳбарияти тим аз мақомаш барканор шуд.

Тими футболи "Хуҷанд" аз Фаррух Бердиев барои фаъолияташ дар тим сипосгузорӣ намудааст ва ба вай барори кору комёбиҳо дар касбаш орзӯ намудааст. 

Инчунин баъд аз анҷом ёфтани нимаи даври чемпионати Тоҷикистон тими футболи "Хуҷанд" тасмим гирифтааст бо чор бозигарӣ худ худоҳофизӣ намояд.

Тими "Хуҷанд" бо тавофуқи мутақобил шартномаҳои дарвозабон Дилшод Додобоев, ҳимояттгар Далерҷон Тухтасунов, нимҳимоятгар Фурқатҷон Ҳасанбоев ва Абдусамад Хоҷибаевро  қатъ менамояд.

Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали мусобиқа "Хуҷанд" бо 24 имтиёз дар ҷойи аввал аст. "Истиқлол", ки як бозӣ камтар кардааст, бо 23 имтиёз дар ҷойи дувум қарор дорад.

Лентаи хабарҳо
0