Мурофиаи додгоҳии Хайрулло Мирсаидов шурӯъ шуд

© Facebook / Хайрулло МирсаидовХайрулло Мирсаидов, архивное фото
Хайрулло Мирсаидов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додситонии вилояти Суғд Хайрулло Мирсаидовро тибқи се моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла азхуд ва масраф кардани маблағи даста, тақаллуби ҳуҷҷат ва барқасдона паҳн кардани маълумоти бардурӯғ муттаҳам мекунад

ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Дар шаҳри Хуҷанд мурофиаи додгоҳии Хайрулло Мирсаидов, хабарнигор  ва раҳбари пешини дастаи "КВН"-и Тоҷикистон шурӯъ шуд.

Додситонии вилояти Суғд Хайрулло Мирсаидовро тибқи се моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла  азхуд ва масраф кардани маблағи даста, тақаллуби ҳуҷҷат ва барқасдона паҳн кардани маълумоти бардурӯғ муттаҳам мекунад.

Дар рафти тафтишот, ки 6 моҳ идома ёфт, аз парвандаи Мирсаидов  иттиҳомоти  барангехтани хусумати миллӣ ва маҳаллӣ  бардошта шуд.

"Мурофиаи додгоҳии Хайрулло Мирсаидов ба таври озод сурат мегирад, ки дар он наздикони вай ва рӯзноманигорон  низ иштирок доранд" — иттилоъ додаанд, ҳамкорони Хайрулло Мирсаидов.

Хайрулло Мирсаидов 5-уми декабри соли 2017 пас аз ирсоли мактуби саркушода ба раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи фасод дар сохторҳои ҳукуматӣ дастгир шуд.

Дар рафтит тафтишот,  чанд ташкилотҳои байналмиллалӣ, аз ҷумла Кумитаи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқӣ журналистон (Committee to ProtectJournalists) ва хабарнигорони бидуни марз Human Rights Watch(HRW) ва Кумитаи Хелсинкии Норвегия аз давлати Тоҷикистон хостори озодии ӯ шуданд.  

Лентаи хабарҳо
0