ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Дар назар аст, ки имрӯз дар шаҳри Тсиндаои Чин дар ҳошияи иҷлосияи Созмони ҳамкориҳои Шанхай раисҷумҳури Русия Владимир Путин бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидор ва мулоқот анҷом диҳад. Дар ин бора ёвари раисҷумҳури Русия дар масоили робитаҳои байналмилалӣ Юрий Ушаков хабар додааст.
"Раисҷумҳури Русия Владимир Путин бо ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи иҷлоси СҲШ мулоқоти дуҷониба анҷом медиҳад", — гуфтааст Ушаков.
Владимир Путин зимни мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон масоили мубрами байналмилалиро баррасӣ хоҳад кард.
Манбаъ афзудаааст, Русия бо Тоҷикистон дар чорчӯби созмонҳои байналмиллалӣ ва иттиҳодияҳои ҳамгироие чун СММ, ИДМ, СПАД, СҲШ ва САҲА мавзеъгирии яксон дорад.
Дар назар аст, ки Владимир Путин дар Чин бо раисиҷумҳури Узбакистон ва Эрон низ мулоқот кунад.
Ба гуфтаи Ушаков, зимни мулоқоти сарони кишварҳои Узбакистон ва Русия ба масоили мубориза бо терроризм аҳамияти хос хоҳанд дод.
Дар ҳамин ҳол, Владимир Путин ва раисҷумҳури Эрон Ҳасани Руҳони масоили минтақавӣ, ба хусус масъалаи созишномаи байналмилалии ҳастаии Эронро баррасӣ хоҳанд кард.
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ширкат дар ҷаласаи СШҲ 8 июн ба Чин сафар кард.