Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаву боронӣ дар назар аст

© Sputnik / Виталий Аньков / Гузариш ба медиабонкДождь, архивное фото
Дождь, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда дар назар дошта шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон меборад. Ҳарорати ҳаво 39 дараҷаро ташкил медиҳад

ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Имрӯз, 9 июн дар вилояти Суғд ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +15+20 ва рӯзона +31+36 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳавои тағйирёбанда шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат пешбинӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона +11+ 16 ва рӯзона +24 +29 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, танҳо дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8  метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +20 +25 ва рӯзона +34 + 39 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, боридани боронҳои кӯтоҳмуддат ва ба амал омадани раъду барқ пешбинӣ мешавад. Дар водиҳо шабона 16-21 ва рӯзона 31-36 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда шуда,  шабона +17+19 ва рӯзона +32 +34 дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0