Раҳмонро Убайдуллоев ва Расулзода ба Чин гусел карданд

© Фото : пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон, архивное фото
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ин сафар раисҷумҳурро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии президент дар масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазири рушди иқтисод ва савдо, вазири энергетика ва захираҳои об ва идораи амволи давлатӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд

ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомолӣ Раҳмон ба Чин сафар кард, хабар медиҳад дафтари матбуотии кишвардор.

Бино бар иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон дар Чин дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай, ки 9-10 июн  баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард.

"Дар фурудгоҳи Душанбе президентро раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров,нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Заседание Совета национальных координаторов ШОС в Пекине - Sputnik Тоҷикистон
Дар Пекин 30 масъалаи муҳими СҲШ ҳал шуд

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазири рушди иқтисод ва савдо, вазири энергетика ва захираҳои об,  раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Пештар хабар дода шуд, ки дар ҳошияи нишасити сарони кишварҳои узви СҲШ чанд мулоқоти дуҷонибаи раисҷумҳури Тоҷикистон бо сарон ва ҳайъатҳои кишварҳои узви СҲШ дар назар аст.

Аз ҷумла интизор меравад, кишвардори Тоҷикистон бо раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев, раҳбари Чин Сӣ Ҷинпин ва раисҷумҳури Русия Владимир Путин мулоқот кунад.

Сарони кишварҳои узви созмон дар Синдао дар соҳаҳои иқтисод, амният ва гуманитарӣ барои 5 сол қарордод хоҳанд баст.

Ёдрас мешавем, ба наздикӣ дар Душанбе иҷлосияи Шӯрои сарони Ҳукуматҳои кишварҳои ҳамсуд баргузор шуд.

Раҳмон дар суханронии худ аз кишварҳои узви иттиҳод даъват кард, ки рушди ҳамкориҳои иттиҳод дар соҳаи амният, экология ва муҳоҷират тақвият бахшида шавад.

Лентаи хабарҳо
0