Марзбонони тоҷик аз қочоқи ҷавоҳирот аз Тоҷикистон ба Узбакистон пешгирӣ карданд

© © Sputnik / Амир ИсаевЮвелирные изделия, архивное фото
Ювелирные изделия, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муттаҳам мехостаааст, пинҳонӣ тавассути марзи Тоҷикистон ба Узбакистон маснуоти заргарӣ интиқол диҳад

ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik.  Марзбонони тоҷик қочоқи маснуоти заргариро ошкоро ва аз интиқоли онро пешгирӣ карданд, хабар медиҳад Хадамоти гумруки Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, 17 майи соли равон марзбонони гузаргоҳи "Патар"   қочоқи садҳо маснуоти заргариро ба Узбакистон ба воситаи Тоҷикистон пешгирӣ кард.

"Кормандони Дидбонгоҳи гумрукии "Патар"-и Гумруки Конибодом ҳангоми азназаргузаронии воситаи нақлиёти сабукрави тамғаи "Опел-Астра" 375 адад маснуоти заргарӣ, аз қабили ангуштарин, гӯшвор, занҷира ва дастбандҳои тиллоию нуқрагӣ дарёфт ва мусодира карданд",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Номбурда мақсад доштааст ин миқдор маснуоти заргариро пинҳонӣ аз назорати гумрукӣ, тариқи қочоқ берун аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Ҷумҳурии Узбакистон интиқол диҳад.
Нисбати "тоҷири табаҳкор" тибқи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз шудааст.

Пештар хабар дода шуд, ки кормандони гумруки Узбакистон аз қатори боркашони  Тоҷикистон, ки ба воситаи кишвар мегузашт, 15 кг героин пайдо карданд.

Ҳангоми тафтишоти гумрукӣ дар роҳи оҳани истгоҳи "Бекобод" аз қатори боркаши Тоҷикистон, ки ба воситаи Узбакистон мегузашт, 14, 92 кг героиин пайдо гардид.

Дар Узбакитон нисбати ин қазия тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0