ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Соҳибкори машҳури Русия Герман Стерлингов дар саҳифаи Вконтакте эълон кардааст, ки номзадии худро ба симати шаҳрдори Маскав мегузорад ва дар сурати пирӯзӣ тамоми муҳоҷиронро аз шаҳр ихроҷ мекунад.
Стерлингов раиси Анҷумани деҳқонони Русия буда, мақсади барномаи интихоботии вай — кам кардани аҳолии Маскав будааст. Ба гуфтаи вай, аҳолии Маскав бояд баъди 4 сол ба 1 миллион расад.
"Ваъда медиҳам, ки дар чор сол тамоми аҳолии шаҳрро дар "Садовое кольцо" меғунҷонам. Милионҳо муҳоҷирони корӣ ба хонаҳои худ бармегарданд. Дар Маскав барои онҳо дигар кор намемонад. Маскав низ монанди Вашингтон пойтахти хурд мешавад, ки дар он танҳо мансабдорон, низомиён, бознишастаҳо ва ашхоси хизматрасон ба онҳо зиндагӣ хоҳанд кард", — ваъда додааст вай.
Тибқи барномаи вай, ҳар сокини оиладори Маскав дар вилоятҳои Твер, Смоленск, Кулуга ва Рязан бо манзил таъмин мешаванд.
Герман Стерлингов афзудааст, ки хоҳишмандонро ба зудӣ ба манотиқи атрофи пойтахт мефиристад. Ба онҳо аз ҳисоби буҷаи шаҳр замин, масолеҳи сохтмонӣ, чорво, тухмӣ, нақлиёт ва ғайра харидорӣ менамояд.
"Ҳамаи онҳое, ки мехоҳанд аз шаҳр берун раванд ё дар пойтахт бимонанд ба ман овоз диҳанд. Барои ҳама зиндагӣ беҳтар мешавад. Ман зуд ва қатъиян амал хоҳам кард" — ваъда додаст вай.
Қаблан соҳибкор Герман Стерлингов дар интихоботи шаҳрдори Маскав дар соли 2003 ширкат карда буд ва дар он беш аз 3 дар сад овоз ба даст оварда буд. Сипас соли 2004 Стерлингов номзадии худро ба курсии раисҷумҳури Русия монд, вале даври якуми бақайдгироро нагузашта аз рақобат канор монд.
Маркази интихоботии Русия номзадии ӯро ба далели нодуруст тартиб додани ҳуҷҷатҳояш рад кард.