Ҷадвали имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои олии Тоҷикистон тасдиқ шуд

© SputnikВступительные экзамены, архивное фото
Вступительные экзамены, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маълумоти мушаххас дар бораи макон ва замони имтиҳонсупории ҳар як довталаб дар даъватномааш қайд гардидааст. Инчунин маълумоти мазкур дар кабинети инфиродияш дастрас аст

ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷадвали баргузории имтиҳонҳо дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавиро ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) дар соли 2018 тасдиқ намуд.

Маълумоти мушаххас дар бораи макон ва замони имтиҳонсупории ҳар як довталаб дар даъватномааш қайд гардидааст. Инчунин маълумоти мазкур барои ҳар як довталаб дар кабинети инфиродияш дастрас аст. Раванди фиристодани даъватномаҳо ба довталабон тибқи макони нишондодаашон дар вақти бақайдгирӣ ва ҷойгир кардани нусхаи электронии онҳо дар кабинетҳои инфиродии довталабон аллакай оғоз гардид.

Абитуриенты, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар ҶТ имтиҳонсупорӣ барои дохил шудан ба донишгоҳҳои Русия оғоз шуд

Довталаб бояд даъватномаашро аз ҷойе, ки онро дар вақти бақайдгирӣ нишон додааст, дастрас кунад. Дар ҳолати дастрас нагардидани даъватнома ва ё гум шудани он довталаб нусхаи электронии даъватномаашро аз кабинети инфиродиаш сабт ва чоп карда метавонад.

Ҷадвалҳои баргузории имтиҳонҳо ва  бо назардошти ворид гардидани кори хаттӣ (эссе) ба низоми ИМД муқаррар гардидаанд.

Имсол довталабоне, ки гурӯҳи ихтисосҳои 3‑юм (филология, педагогика ва санъат)‑ро интихоб кардаанд, дар баробари қисмҳои А ва Б бояд кори хаттӣ (эссе) нависанд, ки барои он як рӯзи алоҳида (4 июл) ҷудо гардидааст.

Вобаста ба ин, довталабони гурӯҳи ихтисосҳои 3‑юмро интихобкарда 3 июл қисми А-ро супорида, рӯзи 4 июл кори хаттӣ (эссе) менависанд. Довталабони гурӯҳи ихтисосҳои 4-ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ)-ро интихобкарда қисми А-ро 5 июл месупоранд.

Лентаи хабарҳо
0