Дар Душанбе қаҳвахонаи "Мерве" месӯзад (НАВОР)

© Ёқуб ҲалимовСӯхтор дар "Мерве"
Сӯхтор дар Мерве - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сабабҳои оташсӯзӣ муайян карда нашудааст. Дар пайи сӯхтор касе ҷароҳат набардоштааст
ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Имрӯз, пас аз зӯҳр қаҳвахонаи "Мерве", вақеъ дар хиёбони Рӯдакии пойтахти Тоҷикистон оташ гирифт.

Сабабҳои сӯхтор муайян карда нашудааст ва касе дар пайи он ҷароҳат набардоштааст.

Шоҳидони ҳодиса менависанд, барои хомӯш кардани аланга мошинҳои оташхомӯшкунӣ сафарбар карда шудаанд.

Қаҳвахонаи "Мерве", ҳудудан 20 сол аст, ки дар маркази Душанбе ба сокинону меҳмонони шаҳр хӯрокҳои туркӣ мешниҳод мекунад.
Ин қаҳвахона дар соли 2014 беҳтарин ошхонаи Душанбе эълом шуда буд.

 

Лентаи хабарҳо
0