Ҳукумати Тоҷикистон барои рушди кишвар 7 миллиард доллар ҷудо мекунад

© Sputnik / Михаил Кутузов / Гузариш ба медиабонкДоллары США, архивное фото
Доллары США, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ду соли ахир барои иҷрои ҳамин мақсадҳо аз буҷаи Тоҷикистон наздик ба 4 миллиард доллар ҷудо хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik.  Ҳукумати Тоҷикистон барои се соли баъди (солҳои 2018-2020) барои иҷрои "Барномаи рушди Тоҷикистон дар солҳо 2016-2020" аз буҷаи давлат наздики 70 млрд. сомонӣ (7,7 млрд доллар) ҷудо хоҳад кард.

Лозим ба ёдоварист, ки дар ду соли ахир Ҳукумати кишвар барои иҷрои ин мақсад 36 млрд. сомонӣ равона кардааст.

Рушди иқтисод аз ҳисоби боло бурдани талаботи сармоягузорӣ ва истеъмолӣ дар асосӣ маблағгузории дохилӣ ва беруна таъмин хоҳад шуд.

Дар рушди иқтисоди Тоҷикистон амалисозии барномаҳои содирот ва ҷойгузини воридот, ки вобастагии кишварро аз воридоти маводи ғизоии ашёи хом ва молҳои дигар кам мекунад, саҳм хоҳад гузошт.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ба 20 миллионт доллар кам шудааст. Дар маҷмӯъ қарзи берунаи Тоҷикистон ба 1 апрели соли ҷорӣ 2,859 миллиард долларро ташкил дод.

Лентаи хабарҳо
0