Ҳаждаҳ мақоми аввали хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ дар Маскав

© Дафтари матбуотии раиси шаҳри ХуҷандХонандагони тоҷик аз олимпиадаи байналмилалӣ 18 медали тилло оварданд
Хонандагони тоҷик аз олимпиадаи байналмилалӣ 18 медали тилло оварданд - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бисту ду хонанда аз Тоҷикистон дар олимпиадаи байналмилалии аз арифметикаи зеҳнӣ дар Маскав ширкат карда, 16 нафарашон ҷойи аввалро гирифтанд

ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Бисту ду нафар толибилмони Маркази инкошофи зеҳнии "Пифагор"-и шаҳри Хуҷанд дар олимпиадаи байналмилалӣ аз арифметикаи зеҳнӣ дар шаҳри Маскав иштирок карданд, хабар медиҳад дафтари матбуотии раиси шаҳри Хуҷанд.

Бино бар иттилои манбаъ, оимпиада байни хонандагони болаёқат 2-3 июн дар пойтахти Русия баргузор шуд.

"Дар ин озмун намояндагони ҷавони Тоҷикистон 18 мақоми аввалро аз они худ намуда, парчами Тоҷикистонро боло бардоштанд",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Наврасони тоҷик аз озмуни байналмилалӣ дар Қазоқистон Шоҳҷоиза оварданд - Sputnik Тоҷикистон
Шоҳҷоизаи наврасони тоҷик дар озмуни байналмилалӣ дар Қазоқистон

Афзун бар ин, Ғайрат Усмонов, хонандаи синфи 8-и литсейи №1-и ба номи академик Муҳаммад Осимии шаҳри Хуҷанд дар олимпиадаи мазкур 210 адад мисолҳоро давоми 25 дақиқа ҳал намуда, ба шарафи "Устоди арифметикаи зеҳнӣ" комёб гардид.

Қобили қайд аст, ки олимпиадаи мазкур байни 4 давлат — Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон бо шумули 66 шаҳрҳои ин кишварҳо сурат гирифта,тарбиятгирандагони Маркази инкишофи зеҳнии "Пифагор" бо гирифтани 5 Ҷом ва 18 мақоми якум, ба нишондиҳандаи олитарини олимпиада муваффақ гардиданд.

Пештар Мафтуна Муродуллоева —  хонандаи литсейи физикӣ-математикии №1 ба номи академик Муҳаммад Осимии шаҳри Хуҷанд дар Олимпиадаи байнанмилалии арифметикаи зеҳнӣ, ки дар шаҳри Шарм-уш-Шайхи Ҷумҳурии Мисри Араб баргузор мешавад, соҳиби шоҳҷоиза гардида буд.

Лентаи хабарҳо
0