Вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Мирзо ба Русия сафар кард

© Фото : Фотохост ШОС / Гузариш ба медиабонкМинистр обороны Республики Таджикистан Шерали Мирзо, архивное фото
Министр обороны Республики Таджикистан Шерали Мирзо, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон барои ширкат дар Нишасти Шӯрои вазирони дифои кишварҳои ИДМ (Иттиҳоди давлатҳои мустақил) ба шаҳри Қизили Русия сафар кард

ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Бино ба иттилои Вазорати дифои Тоҷикистон, Шералӣ Мирзо барои ширкат дар Нишасти Шӯрои вазирони дифои кишварҳои ИДМ ба шаҳри  Қизили Русия сафар кард.

Дар ҷаласаи мазкур вазирони дифои кишварҳои ҳамсуд масоили ҳамкориҳои низомии кишварҳои ИДМ, баргузории бозиҳои байналмилалии низомии "Арми-2018" ва тамриноти компютерии муштараки системи дифои ҳавоии "амнияти минтақаӣ-2018" —ро баррасӣ мекунанд.

Дар ҷаласаи мазкур вазирони дифои Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон, инчунин намояндагони кумиати иҷроия ИДМ ва вазири дифои Муғулистон ширкат хоҳанд кард.

Вазирони дифои кишварҳои ҳамсуд дар шаҳри Қизил дар маросими гулгузорӣ дар дар майдони Ғалаба иштирок намуданд.

Пештар вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Мирзо барои ширкат дар иҷлосияи сарони ниҳодҳои низомии кишварҳои узви СҲШ ба Пекин сафар карда буд.

Лентаи хабарҳо
0