Сафири Олмон дар Тоҷикистон аз Қалъаи Муғи Истаравшан дидан кард

© Дафтари матбуотии Ҳукумати вилояти СуғдСафири Олмон дар Тоҷикистон аз Қалъаи Муғи Истаравшан дидан кард
Сафири Олмон дар Тоҷикистон аз Қалъаи Муғи Истаравшан дидан кард - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар шаҳри Истаравшан зиёда аз 150 адад ёдгориҳои таърихӣ мавҷуд мебошанд, ки онҳо метавонанд барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ мусоидат кунанд

ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Сафири Олмон дар Тоҷикистон  Найтхарт Хёфер — Виссинг бо сафари корӣ ба шаҳри Истаравшан сафар кардааст.

Ба иттилои дафтари матбуотии Ҳукумати вилояти Суғд, дар рафти сафар ҷаноби сафир аз Қалъаи Муғи шаҳр, ки яке аз маконҳои гардишгарӣ ба ҳисоб меравад, дидан кард.

Тавре манбаъ меафзояд, Найтхарт Хёфер — Виссинг ҳамчунин бо раиси шаҳри Истаравшан Баҳром Иноятзода мулоқот кард.

"Ҷонибҳо зимни суҳбат доир ба масъалаҳои сохтмону тандурустӣ, сармоягузорӣ, сайёҳӣ ва табодули таҷрибаи мутахассисони соҳаҳои гуногун гуфтушунид намуданд",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Дар шаҳри Истаравшан зиёда аз 150 адад ёдгориҳои таърихӣ мавҷуд мебошанд, ки онҳо метавонанд барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ мусоидат кунанд.

Лентаи хабарҳо
0