Намоҳанги таронаи "Вафои дилам"-и Садриддин Наҷмиддин ва Шабнам Сурайёро корбарони YouTube 7,23 миллион бор тамошо кардаанд.
Ин ҳамсароии ду овозхони машҳури тоҷик дар YouTube соли 2014 мунташир шуда буд. Намоҳанги таронаро коргардони машҳури эронӣ Ромин Мансур ба навор гирифтааст.
Як намоҳанги дигари машҳури Садриддин Наҷмиддин бо Ғазал Иноят "Ҷони ман" соли 2015 мунташир гашта буд. Ин намоҳангро корбарони YouTube зиёда аз 6 миллион маротиба тамошо кардаанд.