Самарқанд ба даҳгонаи беҳтарин шаҳрҳои ҷаҳон ворид шуд

Обуна шудан
Ба иттилои вебгоҳи гардишгарии чинӣ, Самарқанд ба даҳгонаи беҳтарин шаҳрҳои ҷаҳон дар номинатсияи "Даҳгонаи беҳтарин шаҳрҳои ҷаҳон ва маконҳои ҷолиб" ворид шуд, ки аз ҷониби гардишгарони чинӣ ва хориҷӣ дар соли 2018 тавсия дода шудааст

ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Ба иттилои вебгоҳи гардишгарии чинии Qyer.com шаҳри Самарканди Узбакистон  ба даҳгонаи беҳтарин шаҳрҳои ҷаҳон ворид шуд, хабар медиҳад Uz.News.

Созмондиҳандаи вебгоҳ Тсай Ҷинхуэ Самарқандро дар номинатсияи "Даҳгонаи беҳтарин шаҳрҳои ҷаҳрон ва маконҳои ҷолиб, ки дар соли 2018 аз ҷониби гардишгарон тавсия дода шудааст", ғолиб донистааст.

Дар ин бора дар маросими ифтитоҳи дувумин намоишгоҳи бозори гардишгарии  1ТВ China 2018 эълом гардид.

Пештар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе ба даҳгонаи беҳтарин шаҳрҳо барои гардишгарӣ ворид шуда буд.

Шаҳри Душанбе дар миёни 10 шаҳр нӯҳумин радаро дарёфт кардааст. Дар ин радабандӣ шаҳрҳои Минск, Остона ва Боку болотарин радаҳоро гирифтаанд. Тошканд дар шашум рада қарор гирифтааст.

Дар ин феҳрист шаҳри Ишқобод як зина болотар аз шаҳри Душанбе будааст.

Ин радабандӣ бар асоси таҳлили додаҳои сафарҳои баҳории гардишгарон дар соли ҷорӣ тартиб дода шудааст.

Лентаи хабарҳо
0