Узбакистон содироти сигорро ба Тоҷикистон аз нав ба роҳ мемонад

© Sputnik / Алексей Даничев / Гузариш ба медиабонкПроизводство сигарет, архивное фото
Производство сигарет, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Баъд аз танаффуси тӯлонӣ Узбакистон боз содироти сигорро ба Тоҷикистон шурӯъ мекунад

ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Ширкати муштараки Узбакистону Бритониё "Бритиш Американ Табакко Узбекистон" баъд аз танаффус тӯлонӣ содироти сигорро ба Тоҷикистон шуруъ мекардааст, хабар медиҳад Sputnik Узбекистан.

Корхонаи сигорбарории Самарқанд, аввалин мошинҳои боркаши худро бо сигорҳои "Кент" ба Қирғизистон равон кардааст.

Ширкат таъкид кардааст, ки дар семоҳаи аввали соли 2018 баъд аз танаффуси тӯлонӣ аввалин шартномаи содироти сигор ба Қирғизистон ва Туркаманистон имзо шудааст.

Гуфтушунид дар бораи содироти сигор ба Тоҷикистон, Қазақистон ва Муғулистон дар ҳолати ниҳоӣ қарор дорад. Имконияти содиротии ширкати "БАТ Узбакистон" 15 мллион доллар дар як сол будааст.

Охири соли гузашта дар Тоҷикистон қонун зидди тамоку қабул карда шуд.

Тибқи қонуни ҷадид бояд ҳатман дар қутти сигор дар бораи зарари тамоку ба саломати инсон ба забони тоҷикӣ маълумот дода шавад.

Қонуни нав ҳамчунин донабай фурӯхтани сигорро манъ кардааст. Тибқи қонун дар қуттӣ бояд 20 дона сигор бошад. Инчунин ҷойҳои тамокукашӣ низ маҳдуд шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0