Содироти моҳӣ аз Рязан ба Тоҷикистон манъ шудааст

© PixabayРыба, архивное фото
Рыба, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Корхонаи коркарди моҳии Рязан диагр ба Тоҷикистон моҳи содир карда наметавонад

ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik.  Бино бар  иттилои Хадамоти федералии бойторӣ ва фитосанитарии Русия содироти моҳӣ аз вилояти Рязани Русия ба Тоҷикистон мамнӯъ шуд.

Тавре манбаъ таъкид кардааст, далели ин тартибот-ҷой дошатани камбудиҳои муайян ва мушаххас дар Корхонаи коркарди моҳии Рязан  мебошад.

"Зимни тафтишоти бойторӣ ва санитарӣ дар Корхонаи коркарди моҳии вилояти Рязан як қатор камбудиҳо  муайян шуд",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Инчунин корхонаи мазкур маҳсулоташро бидуни тасдиқномаи мувофиқат ба талаботи низомномаи техникӣ  истеҳсол кардааст.

Ба ҳамин далел истеҳсоли маҳсулоти ин корхона манъ шудааст. Масъулине, ки ба ин камбудиҳо роҳ додаанд ба ҷазои маъмурӣ кашида шуда,  235 ҳазор рубл ҷарима шудаанд.

Дар ҳамин ҳол,  аз корхонаи мазкур то рафъ шудани камбудиҳо содири моҳӣ ба Тоҷикистон қатъиян мамнӯъ шудааст.

Лентаи хабарҳо
0