ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Мудели укроинии озаритабор, дорандаи унвони дувумин зебосанами озмуни "Мисс Украина-2015" Фарида Иброҳимова то ҳол рад накардааст, ки бо овозхони машҳури тоҷик Ҷонибек Муродов иртиботи ошиқона дорад.
Бино бар иттилои Sputnik Озарбойҷон далоили ин сару садоҳои гирди номи мудел бо овозхони тоҷик наворе гаштааст, ки худи Фарида дар саҳифаи Instagram мунташир кардааст. Дар навор зебосанами украинӣ бо муҳаббат Ҷонибек Муродовро ба оғӯш мегирад.
"Ба зуддӣ намоҳанг мунташир мешавад",- тавзеҳ медиҳад наворро Иброҳимова.
Фарида Иброҳимова дар намоҳанги нави таронаи Муродов нақшаи маъшуқаи вайро бозӣ мекунад. Онҳо то андрозае ҷолиб ва воқеӣ дар ин намоҳанг нақш бозидаанд, ки бештари корбарони интернет ба воқеияти навор бовар кардаанд.
Худи Иброҳимова ин сару садоҳоро тавзеҳ намедиҳад ё рад намекунад.
Иброҳимова яке аз машҳуртарин зебосанамҳои Украина аст, ки дар ҳафтаҳои мӯди тарроҳони Украинаву Озарбойҷон фаъолона ширкат меварзад. Айни ҳол Иброҳимова дар доираи тарҳҳои таблиғотӣ бо хориҷиён ҳамкорӣ мекунад. Иброҳимова кӯшиш мекунад, ки ҳаёти шахсии худро намоиш надиҳад.
Пештар хабар дода шуд, ки Ҷонибек Муродовро овозхони машҳури латиштабори Русия Лайма Вайкуле ба ҷашнвораи байналмилалӣ даъват кард.