Раҳмон дар Чин бо Путин ва Мирзиёев мулоқот мекунад

© Пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 9-10 июн барои ширкат дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай ба шаҳри Синдаои Чин сафар хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмоалӣ Раҳмон 9-10 июн дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) ба шаҳри Синдаои Чин сафар хоҳад кард. Дар ин бора хабаргузории ТоҷикТА иттилоъ медиҳад.

Тавре манбаъ менависад, дар ҳошияи нишасит чанд мулоқоти дуҷонибаи раисҷумҳури Тоҷикистон бо сарон ва ҳайъатҳои кишварҳои узви СҲШ дар назар аст.

Аз ҷумла интизор меравад, кишвардори Тоҷикистон бо раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев, раҳбари Чин Сӣ Ҷинпин ва раисҷумҳури Русия Владимир Путин мулоқот кунад.

Сарони кишварҳои узви созмон дар Синдао дар соҳаҳои иқтисод, амният ва гуманитарӣ барои 5 сол қарордод хоҳанд баст.

Ёдрас мешавем, ба наздикӣ дар Душанбе иҷлосияи Шӯрои сарони Ҳукуматҳои кишварҳои ҳамсуд баргузор шуд.

Раҳмон дар суханронии худ аз кишварҳои узви иттиҳод даъват кард, ки рушди ҳамкориҳои иттиҳод дар соҳаи амният, экология ва муҳоҷират тақвият бахшида шавад.

Лентаи хабарҳо
0