Идигул Қосимзода вазифаи нав гирифт

© Кумитаи занон ва оилаи ТоҷикистонРаиси Кумитаи занон ва оилаи Тоҷикистон Идигул Қосимзода
Раиси Кумитаи занон ва оилаи Тоҷикистон Идигул Қосимзода - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вакилони маҷлис истеъфои раис ва котиби генералии Федератсияи намудҳои гимнастикаи Тоҷикистон – Давлатов Бахтиёр ва Маҳмудов Фаррухро қабул карда, Қосимзода Идигул Тағоро раиси нав интихоб намуданд

ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон Идигул Қосимзода дар Кумитаи миллии олимпӣ симати нав гирифтааст. Дар ин бора вебгоҳи Кумитаи миллии олимпӣ иттилоъ медиҳад.

Гуфта мешавад, раиси кумитаи занон — раиси нави Федератсияи намудҳои гимнастикаи Тоҷикистон интихоб гардид.

"Вакилон дар ҷаласаи интихоботии Кумитаи олимпӣ истеъфои раис ва котиби кулли Федератсияи намудҳои гимнастикаи Тоҷикистон — Давлатов Бахтиёр ва Маҳмудов Фаррухро  қабул ва Қосимзода Идигул Тағо — раиси нави федератсия интихоб гардид",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Ҳамоиши байналмилаллии Хонишҳои Столипинӣ - Sputnik Тоҷикистон
Қосимзода: дар Тоҷикистон харидуфурӯши мансаб номумкин аст

Идигул Қосимзодадар гуфтааст, ки барои рушди ин намуди ҷолиби варзиш, кӯшиш ба харҷ медиҳад.

"Федератсия ҳоло наметавонад дар мусобиқаҳои байналмилалӣ иштирок кунад ва дар ҷаласаҳои Федератсияи байналмилалии гимнастика ҳаққи овоз надорад. Раиси нав, ки дар ин ҷаласа интихоб мешавад, бояд дар рушди ин намуди варзиш ва барои барқарор намудани узвияти федератсия дар федератсияи байналмилалӣ мусоидат кунад",- таъкид шудааст дар ҷаласа.

Идигул Қосимзода — ректори пешини Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дар соли 2016 ба симати раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида буд.

Лентаи хабарҳо
0