Оташсӯзии бузург дар "Султони Кабир" мардумро хонасалот кард

© PixabayПожарник, архивное фото
Пожарник, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Хисороти сӯхтори мудҳишу бузург муайян нашудааст, аммо чанде аз тоҷирон гуфтаанд, ки молу колои худро ба маблағи ҳазорҳо доллар аз даст додаанд

ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Дар Душанбе дар бозори "Султони Кабир" сӯхтори бузурге сар зад. Аввалин хабари сӯхторро дар яке аз бозорҳои калони пойтахт корбарони шабакаи иҷтимоии Фейсбук мунташир карданд.

Оташсӯзӣ шаби гузашта, соати 21:00 сар шудааст. Ба ҷойи ҳодиса дар як вақт чанд мошини сӯхторхомӯшкунӣ сафарбар шудаанд, аммо забонаи оташ кайҳо масоҳати бузургро дар бар гирифта буд.

Бино бар бархе маълумотҳо сӯхтор ду маркази тиҷоратии бозорро ба коми оташ фурӯ бурд. Дар ошёнаи аввали марказҳои савдо масолеҳи сохтмон ва мебел ба фурӯш бароварда мешуд. Бо ҳамин далел ҳам сӯхтор то рафт авҷ мегирифт ва боло мерафт.

Дар ҷойи ҳодиса мардуми зиёд ҷамъ омадаанд, ки бештари онҳо дар маркази алангагирифта мағозаи савдои худро доштанд. Бархе мехостанд ба оташ нигоҳ накарда, худро ба дохил зананд, аммо азбаски ин кор хатарнок буд, кормандони полис ба онҳо роҳ намедоданд.

Ҳоло далели сар задани чунин як сӯхтори бузург, ин дафъа дар "Султони Кабир" маълум нест. Дар бораи ҳаҷми хисороти ҳодиса низ ҳоло чизе нагуфтаанд. Аммо чун ҳодисаҳои пешини сӯхтор дар бозорҳои Душанбе, ин оташсӯзӣ низ ба кисаи тоҷирон латмаи бузурге зад. Тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0