Тӯҳфаи Раҳмон ба 30 кӯдак ҳангоми ифтитоҳи мактаб дар Данғара

© Пресс-служба президента ТаджикистанаРабочая поездка президента Таджикистана в Дангаринский район Хатлонской области
Рабочая поездка президента Таджикистана в Дангаринский район Хатлонской области - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар суҳбат бо хонандагон раисҷумҳур онҳоро ба хониши хубу аъло, омӯзиши ҳунар ва илмҳои замони муосир, азхудкунии забонҳои хориҷӣ даъват кард

ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 75 барои 1280 хонананда мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Бино бар иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳур, маблағи умумии сохтмони мактаб — 13 миллиону 450 ҳазор сомонӣ буда, он дар майдони наздики 3 гектар бунёд шудааст. Корҳои сохтмонӣ дар ин муассисаи таълимӣ соли 2015 оғоз гардида, соли 2018 ба анҷом расид. Дар вақти бунёди иншоот даҳҳо нафар сокинони маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор ва маоши хуб шуданд.

"Мактаби мазкур бо дарназардошти талаботи замони муосир 4 ошёна бунёд шуда, аз 35 синфхона, аз ҷумла синфхонаҳои фаннӣ, утоқҳои корӣ, озмоишгоҳҳо, толори маҷлис бо 365 ҷой, толори варзишӣ, майдончаи варзишӣ, ошхона бо 120 ҷой ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад. Дар синфхонаҳои мактаб 6 дона тахтаи электронӣ, 25 адад компютер, 10 мошинаи зардӯзӣ мавҷуд аст",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Гуфта мешавад, раисҷумҳур ҳангоми ифтитоҳи мактаб ба 30 нафар хонандаи синфҳои ибтидоӣ туҳфаҳои хотиравӣ супорид.

Дар суҳбат бо хонандагон раисҷумҳур онҳоро ба хониши хубу аъло, омӯзиши ҳунар ва илмҳои замони муосир, азхудкунии забонҳои хориҷӣ даъват кард.

Пештар хабар дода шуд, ки Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон сафар кард.

Лентаи хабарҳо
0