Башор Асад гуфтааст, ки нерӯҳои амрикоӣ бояд аз Сурия хориҷ шаванд

© Sputnik / Сергей Субботин / Гузариш ба медиабонкБашар Асад. Архивное фото.
Башар Асад. Архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисиҷумҳури Сурия таъкид кард, амрикоиҳо бояд Сурияро тарк кунанд ва аз рафторе, ки дар Ироқ бо онон шуд, дарс бигиранд

ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Ба гузориши "Парс тудэй" дар истинод ба хабаргузории Форс, Башор Асад шомгоҳи чаҳоршанбе шаб ба шабакаи хабарии "Rasha Today" гуфт, бо ҳар пешравии артиши Сурия дар муқобили террористҳо, Амрико, Исроил ва бархе кишварҳои ғарбӣ талош мекунанд, то ҷанг дар Сурия дертар ба поён бирасад.

Ба гуфтаи вай, ин бо ҳимоят аз террористҳо кашондани бештари онон ба Сурия ва ё монеътарошӣ дар раванди сиёсӣ сурат мегирад.

Президент Сирии Башар Асад. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Асад: ягона кори ИМА дар Сурия – дастгирии террористон аст

Асад тасреҳ кард, пас аз озодсозии Ҳалаб, Дайр-уз Зур, Ҳимс ва Димишқ, дигар Амрико ва Исроил баргаҳои худро дар Сурия, ки муҳиммтарини онҳо, гурӯҳҳои террористии Ҷабҳатуннусра ва ДИИШ буд, аз даст доданд ва дар пайи баргае дигар, ки ҳамон гурӯҳи «Неруҳои демократии Сурия» аст, баромаданд.

Вай бо таъкид бар озодсозии қатъии манотиқи таҳти тасаллути нируҳои демократӣ хотирнишон кард, дарсурти шикасти музокира бо нируҳои демократии Сурия барои озодсозии манотиқе, ки дар ишғоли онон қарор дорад, аз зӯр истифода хоҳем кард.

Раисиҷумҳури Сурия ҳамчунин эълом кард, бар хилофи иддаоҳои Исроил, фақат мусташорони низомии Эрон дар Сурия ҳузур доранд ва Сурия ба тақвияти дифои ҳавоии худ барои муқобила бо ҳамалоти ҳавоии Исроил идома хоҳад дод.

Лентаи хабарҳо
0