Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи бузурги маҳсулоти кишоварзии Хатлон дидан кард

© Пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар намоишгоҳ пиёз, сирпиёз, картошка, сабзӣ, қаланфур, қаланфури булғорӣ, помидор, бодиринг, карам, лаблабу ва ҷуворимакка, мевагиҳо - шафтолу, себ, олу, олуча, бодом, гелос, қулфинай, лиму, полезӣ-харбузаву тарбуз, зироатҳо - лубиё, нахуд, наск, зағер, мош, маъсар, кунҷит ва ғайр ба намоиш гузошта шуда буд

ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара намоиши маҳсулоти соҳаи кишоварзиро тамошо карда, бо фаъолону кишоварзони вилояти Хатлон машварат доир карданд, хабар медиҳад дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, меҳнаткашони шаҳру ноҳияҳои калонтарин минтақаи аграрии мамлакат вилояти Хатлон асосан ҳосили меваҳои хуштамъу сабзавоти гуногун, зироатҳои ғалладонагӣ, техникӣ, гиёҳҳои шифобахш ва дигар маҳсулоти кишоварзиро ба маъраз гузоштанд.

Дар намоишгоҳ нпиёз, сирпиёз, картошка, сабзӣ, қаланфур, қаланфури булғорӣ, помидор, бодиринг, карам, лаблабу ва ҷуворимакка, мевагиҳо — шафтолу, себ, олу, олуча, бодом, гелос, қулфинай, лиму, полезӣ-харбузаву тарбуз, зироатҳо — лубиё, нахуд, наск, зағер, мош, маъсар, кунҷит, шолӣ, гандум, тухмии зироатҳои пунбадона, ғалладона, ҷав, ҷуворимакка ва меваҳои хушк, аз ҷумла зардолу, себ, чормағзи зеризаминӣ, писта, чормағз, олучаи куҳӣ, хуч, дулона, ноки хушк гузошта шуда буд.          

Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо комёбиҳои соҳаи кишоварзии меҳнаткашони шаҳру ноҳияҳои вилоят дар ҷамоати деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара дар як мавзеъи хушбоду ҳаво бо фаъолон ва кормандони соҳаи кишоварзӣ машварати корӣ доир кард.

Ёдрас мешавем, раисҷумҳури Тоҷикистон аз 1 июн бо сафари корӣ дар вилояти Хатлон қарор дорад.

Лентаи хабарҳо
0