Дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори камёфти мусоҳибаи аввалин раисҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов ва раисҷумҳури феълии кишвар Шавкат Мирзиёев пайдо шуд. Дар навор дида мешавад, ки раисҷҷумҳур ва нахуствазир рафти сохтмони иншоотҳоро дар пойтахти Узбакистон баррасӣ мекунанд.
Аз ҷумла онҳо сохтмони роҳҳои пойтахти кишварро машварат мекунанд.
Ислом Каримов аввалин раисҷумҳури Узбакистон 2 сентябри соли 2016 дар синни 78-солагӣ дар пайи бемории сактаи майнаи сар вафот кард. Шавкат Мирзиёев аввал иҷрокунандаи раисҷумҳур ва сипас ба симати раисҷумҳур интихоб шуд.
Коршиносон мегӯянд ба сари Ҳукумат омадани раисҷумҳури феълӣ дар таърихи кишвар саҳифаи наверо кушод.тМирзиёев аввалин иқдоми худро чун ислоҳоти тамоми соҳаҳои кишвараш муаррифӣ кард.