ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Ба гузориши хадамоти матбуотии раисҷумҳур, дар ин ноҳия Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Гулободи Ҷамоати деҳоти ба номи Бобоюнус дар семинар-машварат оид ба дарав ва захира намудани хошоки чорво ширкат кард.
Дар оғози боздид Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи чорво дидан кардааст.
Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагидорон дастур додааст, ки дар баробари афзун намудани саршумори чорво, ба масъалаҳои хушзоткунӣ ва захираи дусолаи хӯроки чорво аҳамияти аввалиндараҷа диҳанд.
Маъракаи алафдаравӣ дар мавзеи Гулободи Ҷамоати деҳоти ба номи Бобоюнуси ноҳияи Темурмалик бо ширкати беш аз 2500 нафар сокинон аз шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон сурат гирифтааст.
Хадамоти мегӯяд, ки мавзеи Гулободи ноҳияи Темурмалик интихоб шудани макони баргузории семинар-машварат оид ба дарав ва захира намудани хошоки чорво бесабаб нест. Зеро майдони умумии мавзеи мазкур 427,13 гектарро ташкил менамояд, ки аз он масоҳати 190 гектарро гандум, наздики 4 га ҷав ва дар масоҳати муайяни заминҳо зироати нахўду зағер, картошкаи лалмиву маъзар ва ғайраҳо кошта шудааст. Майдони алафзор дар ҳамин мавзеъ зиёда аз 215 гектарро ташкил медиҳад.
Эмомалӣ Раҳмон ба масъулони ҷумҳуриявию вилоятӣ ва ноҳиявӣ дастур додааст, ки бо истифодаи тамоми имкониятҳои мавҷуда ва ҷалби бештари аҳолӣ маъракаи дарави алафҳои табииро вусъат бахшида, захираи хӯроки чорво барои давраи зимистонро муташаккилона ба роҳ монанд, зеро имсол бо сабаби камбориш омадани мавсими баҳор дар аксар минтақаҳои вилояти Хатлон алафзор хушк шудааст.
Зимнан чорводорони вилоят метавонанд аз хоҷагидорони ноҳияи Темурмалик хӯроки чорво дастрас карда, захира созанд.
Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо бо таҷрибаи кори деҳқони асил Раҷабалӣ Лақаев ошно шудааст. Ин хоҷагидор дар заминҳои лалмӣ парвариши картошка, нахуд, ҷав ва дигар зироатҳоро ба роҳ мондааст.