ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Дар ин бора аз расонаҳои расмӣ бо такя ба Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки маъракаи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ ё худ "облава" дар ҳама шаҳру навоҳии мамлакат муташаккилона ва дар сатҳи зарурӣ баргузор гардидааст.
"Кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ беҳтаринҳоро барои адои хизмат дар сафи артиш интихоб намуданд", — омадааст дар хабарнома.
Ба иттилоъи манбаъ, шумораи ҷавонони синни даъватӣ нисбат ба талаботи Қувваҳои мусаллаҳ зиёд будаасту ин имкон додааст, ки аз байни онҳо танҳо ҷавонони солиму бардам ва болаёқат ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ даъват карда шаванд.
Даъват ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ, аз моҳи апрели соли равон оғоз шуд. Ба он шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синни калонтари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмати ҳарбӣ, даъват шуданд.