Тоҷикистон ва Русия дар робита ба эътирофи мутақобилаи натоиҷи назорати гумрукӣ дар нисбати меваву сабзавот мувофиқат карданд.
Дар Маскав таҳвили меваю сабзавоти Тоҷикистонро фақат тавассути фурудгоҳи Домодедово иҷозат медиҳанд ва аз Тоҷикистон бо бор метавон аз шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва Бохтар парвоз кард.
Протоколро мудири Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Ғоиб ва роҳбари Хадамоти федералии гумруки Русия Владимир Булавин, имзо карданд.