Медведев: Дар Маскав ва Петербург Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон баргузор мешавад

© Sputnik / Александр Астафьев / Гузариш ба медиабонкПредседатель правительства РФ Дмитрий Медведев, архивное фото
Председатель правительства РФ Дмитрий Медведев, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Байни Русия ва Тоҷикистон ҳамкориҳои фарҳангиву гуманитарӣ боз ҳам рушд хоҳанд ёфт, гуфт нахуствазири Русия Дмитрий Медведев дар рафти мулоқот бо ҳамтои тоҷикаш Қоҳир Расулзода

Раиси Ҳукумати Русия қайд кард, ки дар Тоҷикистон то ҳол талабот ба омӯзиши забони русӣ зиёд аст.

Медведев: осенью в Москве и Петербурге пройдут Дни культуры Таджикистана

"Мактабҳои олии Русия барои соли хониши 2018 618 стпендия ҷудо кардаанд. Мо ба кишвар боз ҳам муаллимони забони русии бештаре равон хоҳем кард. Дар Тоҷикистон аз моҳи сентябр зиёда аз 50 омӯзгори рус ба кори худ шурӯъ хоҳанд кард",-  эълом кард Медведев.

Вай ёдовар шуд, ки ин иқдом аз соли гузашта ҷорӣ карда шуд ва натиҷаи хуб дод.

Афзун бар ин, тавре нахуствазир гуфт, соли ҷорӣ пур аз рӯйдодҳои фарҳангӣ хоҳад буд.

"Соли фарҳангии ИДМ ва ҳафтаи кинои Русия баргузор хоҳад шуд. Аввалҳои тирамоҳ бошад дар шаҳри Маскав ва Санкт-Петербург Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон баргузор мешавад",-гуфт Дмитрий Медведев.

Лентаи хабарҳо
0