ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Имрӯз кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо нахуствазири Русия Дмитрий Медведев мулоқот кард, хабар медиҳад дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ, дар мулоқот ҷонибҳо яке аз бахшҳои муҳими муносибатҳои ду кишвар- муҳоҷиратро низ баррасӣ кардаанд.
"Дар мулоқот ҳамчунин яке аз бахшҳои муҳими муносибатҳои дуҷониба — муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла содда кардани қоидаҳои будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҷалби муташаккилонаи онҳо ба бозори меҳнати Россия баррасӣ гардид",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.
Ҷониби Тоҷикистон гуфтааст, "ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, омили муҳими таҳкими муносибатҳои дуҷониба ба ҳисоб рафта, инкишофи минбаъдаи ҳамкории тарафҳо дар ин соҳа аҳамияти аввалиндараҷаро касб менамояд".
Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар бахши воқеии иқтисодиёти Тоҷикистон, васеъ кардани ҷуғрофияи робитаҳои байниминтақавӣ, татбиқи саривақтии қарорҳои қабулкардаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодиро, амри зарурӣ маънидод карданд.
Нахуствазири Русия Дмитрий Медведев бо сафари дурӯза дар Тоҷикистон қарор дорад.