ДУШАНБЕ, 31 мая — Sputnik. Нахуствазири Русия Дмитрий Медведев ба Тоҷикистон расид. Ӯ ҳангоми дидор бо раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод кард, ки тамоми масоили ҳамкориҳои стратегии Душанбеву Маскавро баррасӣ кунанд.
Дар оғоз раисҷумҳури Тоҷикистон Дмитрий Медеведевро ба муносибати таъин гаштанаш ба симати раиси Ҳукумати Русия муборакбод гуфт.
Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки "рушди муносибатҳои кишвар бо Русия яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошад. Тоҷикистон дар оянда низ ҷонибдори нумӯи муносибатҳо бо Русия хоҳад буд".
Медеведев саломи раисҷумҳури Русия Владимир Путинро ба Эмомалӣ Раҳмон расонид. Вай афзуд, рамзист, ки аввалин сафари хориҷии вай ба Тоҷикистон суръат гирифтааст. Раиси Ҳукумати Русия пешниҳод кард, ки тамоми ҷанбаҳои ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ шаванд.
Нахуствазир тағйиротҳои ахири намуди Душанберо махсус қайд кард. "Ман баробари ворид шудан ба Душанбе ҳис кардам, ки шаҳр хело зебо ва бароҳат шудааст",- гуфт Медведев. Вай афзуд, лиқои дигар гирифтани пойтахт- аз хизматҳои раисҷумҳури Тоҷикистон аст.
Дмитрий Медведев ду рӯз дар Тоҷикистон хоҳад монд.
Ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои соҳибкорӣ ва иқтисодӣ, сармоягузорӣ, энержӣ, нақлиёт, кишоварзӣ, муҳоҷират ва гуманитариро баррасӣ хоҳанд кард.
Қарор аст, пас аз анҷоми мулоқотҳо санадҳои дуҷониба ба имзо расад.
Ҳамчунин, Медеведев 1 июн дар Душанбе дар ҷаласаи сарони Ҳукуматҳои узви кишварҳои ҳамсуд иштирок хоҳад кард.