Вазорати меҳнат сабабҳои бекорӣ дар Тоҷикистонро гуфт

© Foto / AnsorМинистерство труда, миграции и занятости населения РТ
Министерство труда, миграции и занятости населения РТ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аз аввали сол теъдоди бекорон дар Тоҷикистон хеле кам шудааст

ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Шурӯъ аз ибтидои сол хадамоти шуғли аҳолии Тоҷикистон беш аз 18,9 ҳазор нафар шаҳрвандони кишварро бо кор таъмин кардааст, хабар медиҳад оҷонсии ТоҷикТА.

Таи моҳҳои январ-апрели соли равон, зиёда аз 50,8 ҳазор нафар сокинони ҷумҳурӣ барои ҷустуҷӯи кор ба Вазорати меҳнат муроҷиат намудаанд. Аз байни инҳо тақрибан 34 000 нафар ҳамчун корҷӯ ба қайд гирифта шуда, дигарон, расман ба унвони бекор эътироф шудаанд.

Тибқи маълумоти вазорат, сабаби асосии мавҷи шаҳрвандони бекор, адами омодагии кофии касбӣ-техникӣ ва аз даст додани малака ва маҳорати ҳирфаӣ дар натиҷаи танаффуси тӯлонии кор аст.

Дар ниҳод инчунин қайд мекунанд, ки соли ҷорӣ 2 587 нафар ёрона гирифтанд. Ба ин аҳдоф беш аз як миллион сомонӣ (зиёда аз 130 ҳазор доллар) сарф карда шудааст.

Пештар вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода изҳор дошт, ки соли 2017 дар Тоҷикистон зиёда аз 125 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шудаасту, аксари онҳо ба соҳаи кишоварзӣ тааллуқ дорад.

Лентаи хабарҳо
0