Вируси сурхак аз Тоҷикистон ба Русия "ҳуҷум мекунад"

© Sputnik / Александр Кондратюк / Гузариш ба медиабонкВакцинация. Архивное фото
Вакцинация. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сироятнокӣ дар кишвар то рафт зиёд мешавад. Вируси сурхак аз Тоҷикистон ба Русия ҳуҷум мекунад

ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Дар Русия вируси сурхакон босуръат паҳн мешавад, ки ба кишвар аз Тоҷикистон ва дигар кишварҳо меояд, хабар медиҳад рӯзномаи "Известия".

Ҳолатҳои сироятшавӣ ба вирус дар соли равон беҳад авҷ гирифтааст. Шумораи гирифторони бемории сурхак дар Русия то 20 баробар зиёд шудааст. Дар ҳамин ҳол фоизи бештари  беморӣ ба Маскав ва вилояти Маскав рост меояд.

Нигаҳдории техникаи ҳарбӣ дар пойгоҳи низомии 201 - Sputnik Тоҷикистон
Табибони пойгоҳи 201 "вирус"-ро ошкору "беморон"-ро бистарӣ намуданд

Аз Хадамоти назоратии ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон гуфтанд, ки ин вирус на танҳо аз Тоҷикистон, балки аз  Узбакистон, Қирғизистон, Украина, Туркия, Индонезия, Бангладеш, Италия, Олмон, Латвия, Малайзия ва Таиланд ба Русия меояд.

Дар ҳоле, ки дар соли 2016 вилояти Маскав нисбат ба дигар минтақаҳои Русия "солимтар" буд, ҳоло фисади бештари беморӣ ба ин вилояти  рост меояд.

Коршиносон мегӯянд, ки вируси сурхак бо далели вазъи  номусоиди эпидемиологии як қатор кишварҳои минтақаи Аврупо паҳн мешавад.

Далели асосии сироятёбӣ одамоне мебошанд, ки дар хурдӣ онҳоро эм накардаанд.

Хадамот мегӯяд, ҳоло байни сокинони вилоят эмкунии нақшавӣ идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0