Занозании келини ҷавон ва хушдомани 84-сола дар Душанбе

© © Sputnik / Табылды КадырбековЖенщина дает пощечину девушке. Архивное фото
Женщина дает пощечину девушке. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳар ду ҳам пас аз ҷанҷол ба шӯъбаи милиса омада, аз ҳамдигар шикоят кардаанд

ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Раёсати Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе рӯзи 29 май аз муноқишаи келину хушдоман дар шаҳри Душанбе хабар додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, зани 34-сола ва пиразани  84-сола нисбати ҳамдигар ба кормандони милиса шикоят кардаанд.

ВУД меафзояд, дар пайи омӯзиш ва баррасии муроҷиати шаҳрвандон муайян карда шуд, ки онҳо келину хушдоман будаанд.

Ҳамин тавр, келину хушдоман рӯзи 25 май дар манзилашон бо далелҳои ба тафтишот номаълум бо ҳам муноқиша намуда, якдигарро латукӯб кардаанд.
"Айни замон ҳодисаи мазкур мавриди санҷиш қарор дорад",- таъкид мекунад манбаъ.

Лентаи хабарҳо
0