Низомиёни пойгоҳи 201-уми Русия хотираи қаҳрамононеро, ки барои барқарор кардани ҳокимияти советӣ фавтида буданд, пос доштанд.
Ифтитоҳи чорабинӣ бо гузоштани гулчанбарҳо ва гулҳо дар назди Маҷмааи ёдбудӣ оғоз ёфт. Сипас сухан ба меҳмонон ва иштирокчиёни чорабинӣ дода шуд.
Дар чорабинӣ муовини раиси шаҳри Турсунзода Холова Солеҳа Холмаҳмадовна, низомиёни пойгоҳи 201-уми Русия, намояндагони ширкати "Россотрудничество" дар Тоҷикистон, собиқадорони ҷанг ва меҳнат, сарбозон-интернатсионалистони шаҳри Турсунзода, намояндагони корхонаи "ТАЛКО", донишҷӯёни мактаби №12, инчунин сокинони шаҳрчаи Қаратоғ ширкат карданд.