Ҳамдардии фарҳангиёни тоҷик бо Қурбоналӣ Раҳмонов

© Sputnik / Сергей Мальгавко / Гузариш ба медиабонкСвеча
Свеча - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон бо Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Қурбоналӣ Раҳмонов ва аҳли хонаводаи ӯ ҳамдардӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 29 май- Sputnik. Фарҳангиёни тоҷик барои даргузашти ҳамсар ва модарарӯси Қурбоналӣ Раҳмонов изҳори таслият кардаанд. Номаи таслияти аҳли фарҳанг дар равобити умумии Вазорат мунташир шудааст.

"Ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳли фарҳангу ҳунар ба Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Қурбоналӣ Раҳмонов нисбати даргузашти ҳамсар ва модарарӯсаш изҳори тасаллият намуда, ба пайвандони марҳум сабри ҷамил хоҳонанд",-омадааст дар номаи таслият.

Ёдовар мешавем, ки шаби 26 май хушдоман ва ҳамсари Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Қурбоналӣ Раҳмонов дар ноҳияи Восеъ тақрибан паиҳам аз олам даргузаштанд.

Ба иттилоъи расонаҳои маҳаллӣ, ҳангоми ҷонсупории модар духтараш марги модарро таҳаммул карда натавониста, қалбаш аз кор мондааст.

Лентаи хабарҳо
0