ДУШАНБЕ, 29 мая — Sputnik. Шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ дар Ҳукумати шаҳри тағйироти кадрӣ ба амал овард. Бо қарори раиси шаҳр чанд масъули Ҳукумат барканор ва чанди дигар симатҳои нав таъин шудаанд.
Бино бар иттилои дафтари матбуотии шаҳрдори Душанбе, мувофиқи қарори № 373 аз 24 май Саидзода Қурбон Тағай бо хоҳиши худ аз мансабаш озод гардад. Ба ҷойи ӯ бо як қарори дигари шаҳрдор Саидзода Фирдавс Ҳамро ба вазифаи муовини раиси шаҳр таъин гардид.
Пештар Саидзода симати директори Муассисаи давлатии коммуналии "Душанбенақлиётхадамотрасон"-и шаҳри Душанберо бар ӯҳда доштааст.
Бо як қарори дигари Рустам Эмомалӣ Давлатов Ҷумахон Бегович муваққатан иҷрокунандаи вазифаи директори Муассисаи давлатии коммуналии "Душанбенақлиётхадамотрасон"-и шаҳри Душанбе таъин карда шуд.