Рустам Эмомалӣ муовинашро аз кор озод кард

Обуна шудан
Қурбон Саидзода муовини раиси шаҳри Душанбе, бо хоҳиши худ мақомашро дар Ҳукумати шаҳр тарк кардааст. Аризаи истеъфои ӯро Рустам Эмомалӣ қабул ва ӯро аз вазифа озод намудааст

ДУШАНБЕ, 29 мая — Sputnik. Бино бар иттилои расонаҳои хабарии Тоҷикистон рӯзи 29-уми май намояндаи Ҳукумати шаҳри Душанбе тасдиқ кард, ки Қурбон Саидзода дигар ба ҳайси муовини шаҳрдори пойтахт Рустами Эмомалӣ фаъолият намекунад.

Қурбон Саидзода ҳафтаи гузашта бино ба сабаби маризиаш аз кор рафтааст.

"Баъд аз ҷарроҳӣ ӯ натавонист дигар кор кунад ва ба сабаби бемориаш аз кор рафт. Ӯ ҳоло дар хона табобат дорад. Шаҳрдори Душанбе аризаи истеъфои ӯро  қабул кардааст"  — гуфтааст  намояндаи дафтари матбуотии Рустами Эмомалӣ.

Исми муовини нави Рустами Эмомалӣ  ҳафтаи дигар эълом хоҳад шуд.

Ҳангоми фаъолияти  Қурбон Саидзода пойтахт даҳҳо автобуси ISUZU бо харҷи 3,4 миллион евро аз Туркия харидорӣ намуд. Инчунин, ҳаракати нақлиётҳои мусофиркаши "Старекс"-ҳо дар роҳҳои марказии пойтахт манъ ва низоми нави пардохти роҳкиро ҷорӣ гардид.

Лентаи хабарҳо
0