ДУШАНБЕ, 29 мая — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ширкаткунандагони Шашумин ҳамоиши ҳамкориҳои байниминатақавии Тоҷикистону Русияро шодбош гуфт ва қайд кард, ки муносибатҳои Тоҷикистону Русия то рафт мустаҳкам мешавад.
"Муносибатҳои стратегии дӯстотӣ ва боварии ду кишвар мустаҳкам шуда, раванди рушди ҳакориҳои тиҷориву иқтисодӣ дар назар аст. Ҳамоиши ҳамкориҳои байниминтақавии Тоҷикистону Русия ба майдони доимии рушди муносибатҳои дуҷонибаи тиҷориву иқтисодии ду кишвар табдил ёфтааст",- гуфта мешавад дар матни шодбошии раисҷумҳур ба иштирокдорони ҳамоиш.
Шашумин ҳамоиши байниминтақавии Тоҷикистону Русия дар имрӯз дар Душанбе баргузор шуд, ки дар он беш аз 300 намояндаи ду кишвар иштирок доштанд.
Пештар раисҷумҳури Русия Владимир Путин иштирокдорони шашумин ҳамоиши ҳамкориҳои байниминтақавии Тоҷикистону Русияро шодбош намуда, таъкид намуд, ки ҳамоиши мазкур гуфтугӯи ошкорро дар масъалаҳои муҳими имрӯза таъмин менамояд.