Тағйири ном кӯмак накард: муҳоҷири тоҷик бо гузарномаи қалбакӣ маҳкуми зиндон шуд

© Sputnik / Андрей Александров / Гузариш ба медиабонкРабота таможенной службы, архивное фото
Работа таможенной службы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шаҳрванди Тоҷикистон мехост сарҳади Русияро бо шиносномаи қаблбакӣ убур кунад, вале дастгир шуд

ДУШАНБЕ, 28 мая — Sputnik. Додгоҳи минтақавии Красноярски вилояти Астрахан шаҳрванди Тоҷикистонро ба убури  ғайриқонунии  сарҳади Русия айбдор намуда, ӯро ба шаш моҳи зиндон маҳкум кард.

Қаблан ин муҳоҷири тоҷик барои қонуншикании маъмурӣ аз Русия депорт шуда буд. Ба ҳамин далел бавай вуруд ба Русия мамнӯъ гашт.

Мард баъди бозгашт ба Тоҷикистон шиноснома ва ному насабашро иваз карда, боз роҳ ба сӯи Русияро пеш гирифт.   

Дар натиҷа марзбонони Русия муҳоҷири тоҷикро ҳангоми убури сарҳад дар гузаргоҳи "Оқсарой" дастгир намуданд.  

Қаблан кормандони идораи марзии ФСБ Русия дар  Алтай як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки мехост сарҳади Русияро ғайриқонунӣ убур кунад, дастгир карда буданд.

Гуфта мешуд,  вақте ки  ӯ тариқи гузаргоҳи "Веселоярск" мехост ба Русия дарояд, огоҳонида шуда буд, ки аз кишвар ихроҷ шудааст.

Бо ҳамин далел, муҳоҷири тоҷик роҳи пиёдаро пеш гирифтааст. Ҳамагӣ пас аз убури 100 метр аз сарҳад марзбонони Русия ин марди тоҷикро дастгир карданд.

Лентаи хабарҳо
0