ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Минбаъд кормандони вазорат маориф, раисон ва устодони донишгоҳҳо, мудирон ва омузгорони мактабҳо ва донишҷуёну донишомузон танҳо бо иҷозатномаи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон метавонанд ба хориҷ аз кишвар сафар кунанд.
Тартиботи мазкур моҳи феврал соли ҷорӣ роҳандозӣ шудааст.
Тибқи қоидаи нав шахсе, ки ба хориҷ аз кишвар меравад, бояд 15-рӯз пеш аз сафараш вазоратро хабардор кунад ва иҷозатномаи ин муассисаро бигирад. Ҳамчунин шахс бояд мувофиқаи хатти аз вазорати корҳои хориҷа низ дошта бошад.
"Роҳбарони муассисаҳои таълимиӣ бояд сафари худро асоснок карда матни маърӯзаҳои худро бо мутахассони вазорат мувофиқа кунанд", — менависад манбаъ.
Ҳамчунин онҳо муваззаф ҳастанд, пас аз бозгашташон аз сафарҳои хориҷӣ, гузориши худро ба мақомоти ин вазорат равон намоянд.
Афзун бар ин, омӯзгорон ва донишомузони мактабҳои ин кишвар низ танҳо пас аз иҷозатномаи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон метавонанд дар олимпиадҳо ва озмунҳои илмии байналмилалӣ ширкат намоянд.