ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik.Чор навраси тоҷик аз Сурия ба Тоҷикистон бар гадонида шуданд, хабар медиҳад Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон.
Тавре дафтари матбуотии ниҳод менависад, "дар партави иҷрои супориши кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба Ватан баргардондани шаҳрвандони Тоҷикистон аз минтақаҳои ҷангзадаи Шарқи Наздик кӯдакони тоҷик ба Ватан бар гардонида шуданд".
Гуфта мешавад, наврасони дар кӯдакистонҳои Сурия дармондаро субҳи 26 май Вазорати корҳои хориҷӣ дар ҳамоҳангӣ бо ниҳодҳои дахлдори кишвар ба Тоҷикистон овардааст.
Вазорат бо дарназардошти зарурати ҳимояи ҳуқуқи атфол ва риояи ҷанбаҳои ахлоқӣ аз ифшо намудани номи бозгардондашудагон ва пешниҳоди тафсилоти бештар худдорӣ менамояд.
Ёдоварӣ мекунем, охирҳои моҳи апрел Марям Шоева ва се кӯдаки дигари тоҷик, ки дар паноҳгоҳҳои Ироқ дар монда буданд, ба Тоҷикистон бозгардонида шуданд.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон барои мусоидат дар ин кори хайр ба ниҳодҳои марбутаи Ироқ, Кумитаи Байналмилали Салиби Сурх ва ЮНИСЕФ изҳори сипос карда буд.
Намояндагони ВУХ Тоҷикистон гуфтанд, ки бозгардонии шаҳрвандони Тоҷикистон аз Ироқ бо супориши раисҷумҳур сурат гирифта иҷрои он идома хоҳад ёфт.