Кривошеев: Амрико аз маблағгузории ҷангҷӯён даст намекашад

© Sputnik Ветеран ФСБ, директор Аналитического центра ветеранов госбезопасности "Вымпел" Сергей Кривошеев
Ветеран ФСБ, директор Аналитического центра ветеранов госбезопасности Вымпел Сергей Кривошеев - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Корманди собиқи Хадамоти федеролии амнияти Русия (ФСБ), роҳбари маркази таҳлилии собиқадорони амнияти миллӣ “Вимпел” Сергей Кривошеев дар бораи даст доштани Амрико ба маблағгузории ташкилотҳои экстремистӣ гуфт

ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Ба гуфтаи коршинос Амрико дар бораи мубориза бо терроризм расман эълон мекунанд аммо фикр намекунам, ки онҳо ҳатто як шабакаи маблағгузориро бубанданд.

Кривошеев: США не откажутся от финансирования боевиков

"Мақсади ДОИШ дар он аст, ки аввал Сурияро харобу вайрон ва Асадро барканор кунанд ва баъдан ба тарафи Осиёи Марказӣ равон шаванд. Онҳо мехоҳанд ба Русия наздик шаванд ва вазъи сиёсии кишварҳои ҳамсудро такон диҳанд. Мо дар ҳоли ҳозир чӣ мебинем? Дар Сурия ДОИШ-ро тақрибан сарнагун карданд, вале беш аз 5 ҳазор ҷангҷӯён дар Афғонистон дар сарҳади Узбакистон ҳастанд. Онҳо чигуна ба онҷо рафтанд? Афғонистонро ки назорат мекунад? Амрико ва НАТО", — гуфтааст Кривошеев дар сӯҳбат бо радиои Sputnik.

Вай таъкид намудааст, ки ҷангҷӯёнро ба сарҳади Русия ва Эрон наздик меоранд. Ба гуфтаи собиқ корманди ФСБ Вашингтон маҷбур мешавад бо Маскав чораҳои муштарак андешад аммо интизор намеравад, ки ин чораҳо дақиқу зарурӣ бошанд.

Лентаи хабарҳо
0