Супориши Раҳмон ба Р. Эмомалӣ: оилаи тифли 9-миллионумро бо хона таъмин намоед

Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба раиси шаҳри Душанбе дастур додааст, ки хонаводаи тифли нӯҳ миллионумро бо манзили зист таъмин намояд

ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Имрӯз аҳолии Тоҷикистон бо ба дунё омадани як тифли дигар расман ба нӯҳ миллион нафар расид. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ин рухдодро ба аҳли хонаводаи ин тифл ва мардуми Тоҷикистон муборакбод гуфтааст.

Ба гузориши хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, дар ин росто Эмомалӣ Раҳмон ба раиси шаҳри Душанбе дастур дода, ки оилаи тифли бадунёомадаро бо хонаи истиқоматӣ таъмин намояд.

Раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ қарори дахлдори худро доир ба ҷудо намудани хонаи сеҳуҷрагӣ аз маркази пойтахт ба модари кӯдак-Назира Муллоҷонова имзо кардааст.

Младенец, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон интизори ба дунё омадани шаҳрванди 9-миллионаи худ аст

Ба гузориши манбаъ, тифли шаҳрванди миллионуми Тоҷикистон субҳи 26 майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Ин тифл духтар буда модараш-Назира Муллоҷонова сокини шаҳри Душанбе, истиқоматкунандаи кўчаи Асадулло Ғуломов, М2, ҳуҷраи 14 Назира Муллоҷонова, соли таваллудаш 1990 мебошад.

Гуфта мешавад, ки пас аз баромадан аз таваллудхона ин хонавода ба хонаи сеҳуҷрагии истиқоматии нави хеш гусел карда мешавад. Ҳамчунин бо ташаббуси раиси шаҳр манзили зисти тифли 9 миллиона бо тамоми ашёи рўзгор таъмин мегардад.

Назира соҳиби 1 фарзанд буда, фарзанди дуюмаш аҳолии  ҷумҳуриро ба 9 миллион расонид. Тифли навзод имрўз соати 06-30 дақиқа дар Муассисаи давлатии «Таваллудхонаи  №1-и шаҳри Душанбе» ба дунё омад.

Вазни духтарча 3 киллограму 600 грамм буда, қадаш 51 сантиметр мебошад. Ҳолати кўдаки навзод ҳангоми таваллуд аз ҷониби мутахассисон аз рўи ҷадвали Апгар 8/9 хол баҳо дода шудааст.

Назира Муллоҷонова мутахассиси Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ буда, маълумоташ олӣ мебошад.

Лентаи хабарҳо
0