ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Бино ба гузориши Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ пастшавии ҳарорат рӯзона то 6-8 дараҷа дар назар аст. Вазиши сахти бод дар Вилояти Хатлон то 20-25 метр дар як сония расида, чангу ғубор ба амал меояд.
Имрӯз, 26 май дар вилояти Суғд ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, бод аз сӯи ғарб бо гузариш ба самти шарқ 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +13 +18 ва рӯзона +30 +35 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда дар назар дошта шуда, бод аз сӯи ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона +5 +10 ва рӯзона +20 +25 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон низ ҳавои абрноки тағйирёбанда пешбинӣ мешавад. Бод аз сӯи ғарб то 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона +15 +20 ва рӯзона +29 +34 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, ҳарорат шабона 10+15 ва рӯзона ба 26+31 дараҷа мерасад.
Дар шаҳри Душанбе низ ҳаво тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо рӯзона +29 +31 дараҷа ва шабона +12+14 дараҷа гарм мешавад.