Русия ва Тоҷикистон муҳоҷирату иқтисодро дар Душанбе баррасӣ мекунанд

© © Sputnik / Амир ИсаевГород Душанбе, архивное фото
Город Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Русия ва Тоҷикистон бори шашум дурнамои рушди иқтисоди муштаракро баррасӣ мекунанд

ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Дар Душанбе 29 май бори шашум  ҳамоиши ҳамкориҳои байниминтақавӣ миёни Русия ва Тоҷикистон, баргузор мегардад.

Ин бор ташкилкунандагони форум намояндагони вазоратҳои рушди иқтисоди ҳарду кишвар хоҳанд буд.

Придорожная черешня - Sputnik Тоҷикистон
Кадом фурудгоҳҳои Русия аз Тоҷикистон мева оварданро иҷозат медиҳад

Мавзӯи муҳокима - "Ҳамкориҳои байниминтақавӣ ҳамчун омили афзоиши фаъолияти соҳибкорӣ" хоҳад шуд.

Дар ҷаласаи умумӣ масъалаи мазкурро аъзоёни маъмурияти раисҷумҳурони ду кишвар баррасӣ мекунанд. Ба теъдоди ҷамъомадагон инчунин намояндагони мақомоти ҳукумати давлатӣ, доираҳои тиҷоратӣ, созмонҳо ва васоити ахбори оммаи Русия ва Тоҷикистон, шомил мегарданд.

Иштирокчиёни конфронс ба рушди ҳамкориҳои Русияву Тоҷикистон дар соҳаҳои кишоварзӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, тавсеаи робитаҳои башардӯстона, инфрасохтори саноатӣ ва нақлиёт, инчунин ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, таваҷҷуҳи хос зоҳир мекунанд.

Ин нахустин чорабинӣ набуда, ҳамоиши панҷум оид ба ҳамкориҳои байниминтақавӣ байни давлатҳо, дар моҳи ноябри соли 2016 баргузор гардида буд.

Бори охир намояндагони ин ду кишвар пружаҳои таъмини Русия аз маҳсулоти меваву сабзавот, ташкили марказҳои логистикӣ барои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон ва интиқоли он ба Русияро, фаъолона баррасӣ карданд.

Лентаи хабарҳо
0