ДУШАНБЕ, 25 май- Sputnik. Шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ нақшаи барномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои омодагӣ ва таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдаконро тасдиқ кардааст.
Бино ба иттилоъи хадамоти матбуоти шаҳрдорӣ, 1 июн таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар сатҳи баланд ташкил хоҳад шуд.
Дар ин рӯз барномаҳои фарҳангиву маърифатӣ ва ғоявию бадеӣ ташкил карда хоҳанд шуд.
Инчунин раиси шаҳр дастур додааст, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иҷрои саривақтии барномаҳои мазкурро таъмин намоянд.
Лозим ба ёдоварист, ки ҳамасола якуми июн дар саросари ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил карда мешавад.