Сад соли танҳоӣ: дар Саратов "банда" аз Тоҷикистону Узбакистон маҳкум ба ҳабс шуд

CC0 / Pixabay / Колючая проволока, архивное фото
Колючая проволока, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Зодагони ҷавони Тоҷикистону Узбакистон барои ташкилкунии гурӯҳи ҷиноие, ки тавассути интернет баҳри фурӯши маводи мухаддир дар шаҳри Саратов муштарӣ пайдо мекардаанд, тақрибан сад соли маҳбас гирифтанд

ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Дар Саратов ҳукми айбдоркунӣ нисбат ба гурӯҳи ҷиноии фурӯшандагони маводи мухаддир аз Тоҷикистону Узбакистон содир карда шуд, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуотии додрасии шаҳр.

Додгоҳи шаҳри Саратов 8 шаҳрванди Тоҷикистону Узбакистонро барои тақрибан 100 соли маҳбас, дар робита ба кӯшиши фурӯши маводи мухаддир дар ҳаҷми бузург ва қонунигардондани пулҳои аз роҳи ҷиноӣ бадастомада, маҳкум кард.

Задержание, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Боздошти шаҳрванди Тоҷикистон-раҳбари гурӯҳи теруристӣ дар Олтой

Зодагони Осиёи Марказӣ аъзои гурӯҳи ҷиноӣ будаанд. Дастгиршудагон аз 22 то 29 сол умр доштаанд. Ҳар яки онҳо аз 11 то 14 соли маҳбаси низоми сахт гирифта, ҳатто яке аз айбдоршавандагон ба маблағи 20 ҳазор рубл низ ҷарима шудааст.

"Дар муддати аз моҳи январ то июли соли 2015, гурӯҳи ҷиноии устувори муташаккили созмонёфта дар Тоҷикистон, ба фурӯши мунтазами маводи мухаддир дар қаламрави вилоятҳои Иваново, Маскав ва Саратов машғул будааст", — гуфта мешавад дар мавод.

Тафтишот муқаррар карда, ки қочоқчиён маводи мухаддирро бо кумаки нармафзори бесим ва тавассути интернету шабакаҳои мобилӣ, мефурӯхтаанд. Ҷинояткорон мизоҷонро дар интернет ҷустуҷӯ карда, онҳо бошанд, дар навбати худ, пулҳои аз фурӯши маводи мухадир бадастомадаро аз роҳи пардохтҳои барқӣ, интиқол медодаанд.

"Пас аз пардохт тавассути ҳисобҳо, аъзоёни гурӯҳи ҷиноӣ маконҳои ҷойгиршавии "закладкаҳо"-и бо маводи мухадирро дар ҳудуди шаҳрҳои Саратов ва Иваново хабар медодаанд", — таъкид карданд дар додрасӣ.

Ҳангоми дастгир кардани ҷинояткорон аз Тоҷикистону Узбакистон дар хонаҳои иҷорӣ, зиёда аз 3 кг хокаи маводи мухаддиру синтетикии нашъаманд, дарёфт шудааст.

Лентаи хабарҳо
0