ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов насаби худро аз шакли русӣ ба тоҷикӣ тағйир дод, ҳамин тавр ӯ акнун Сироҷиддин Мӯҳриддин шуд.
Шакли аз нави насаби вазир аллакай дар расонаи ВКХ Тоҷикистон даҷ гардидааст.
"Ин чизи нав нест, чунин падида кайҳо боз оғоз ёфтааст. Агар шумо феҳрасти аъзои ҳукумати Тоҷикистонро гиреду кушоед, бисёриҳо насаби дигар доранд. Онҳо насабҳои худро тағйир додаанд, чунки қоидаҳои муайяне вуҷуд доранд, ки тибқи онҳо кору рафтор бояд кард", - тавзеҳ дод ба Sputnik Тоҷикистон рӯзноманигор, доктори илмҳои ҷомеашиносӣ, устоди ДМОА ДДМ Ҳалима Хушқадамова.
Хонум гуфт, ки дар Тоҷикистон насабро тибқи хоҳиш тағйир медиҳанд.
"Бисёриҳо тағйир намедиҳанд, вале баъзеҳо иваз мекунанд. Ин як чизи маъмулӣ гардида, зеро давлат мустақил аст. Одамон ба ин ҳақ доранд. Сарвари кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳам насабашро тағйир дода, аз Раҳмонов ба Раҳмон гардонида буд", — таъкид кард вай.
Хонум Хушқадамова илова намуд, ки пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шуравӣ Тоҷикистон дар баробари истиқлолият, ҳаққи навиштани номҳоро ба шакли тоҷикӣ низ пайдо кард.
"Бисёре аз тоҷикон ва тоҷикистониҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ насабҳои худро аллакай ба шакли тоҷикӣ менависанд. Дар айни замон, нафароне ҳам ҳастанд, ки шаклҳои пешинаи насабҳои русияшонро нигаҳ доштаанд", — шарҳ дод устоди донишгоҳи Маскав.