ДУШАНБЕ, 24 май- Sputnik. Ахиран дар шаҳри Челябински Русия доир ба масъалаи мутобиқ шудани донишҷӯёни тоҷик ба барномаҳои донишгоҳҳои Русия мизи мудаввар баргузор шуд.
Мизи мудаввар дар Маркази ваҳдати миллии шаҳри Челябинск бо ширкати мутахассисони Русия, Тоҷикистон ва Қазоқистон сурат гирифт.
Тоҷикистонро дар ҳамоиши мазкур мутахассисон аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С. Осимӣ ва намояндагони ҷамъияти тоҷикони Челябинск "Соломониён" муарифӣ карданд.
Мутахассони донишгоҳҳои се кишвар масалаи мутобиқшавии донишҷӯёни тоҷику қазоқ ба барномаҳои донишгоҳҳо Русияро баррасӣ карданд.
Ба гуфти раиси бунёди "Иттиҳодияи АвруОсиё" Виктор Каточков, мутобиқ намудани донишҷӯён барои сохтани фазои ягонаи гуманетарӣ ва иқтисодӣ дар қаламрави Осиёи марказӣ муҳим мебошад.
Намояндаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С. Осимӣ Пулод Азимов зимни суханронии худ дар мизи мудаввар, дар бораи вазъи муҳоҷират ва камбудиву беҳбуди дар ин раванд сухан кард.
Ба гуфтаи вай мутобиқшавии донишҷӯён ба барномаҳои донишгоҳҳои Русия бисёр муҳим мебошад ва ин масала бояд ҳамаҷониба пайгирӣ шавад.
Ба гуфтаи коршиносон, рушди ҳамкориҳои фарҳангӣ миёни кишварҳо дар соҳаи маориф ба ин раванд кумак хоҳад кард.
Мутахассисон, роҳбарони донишгоҳҳои Русия ва намояндагони ташкилотҳои муҳоҷирони Челябинск тасмим гирифтанд, ки бо донишҷӯёни тоҷик бештар дидору мулоқот анҷом диҳанд, то аз вазъи таълиму тарбия ва буду боши онҳо хабардор бошанд.
Ба гуфтаи онҳо ин мавзӯъ бояд ҳамеша пайгирӣ шавад, чунки ин масала барои ҷамъияти АвруОсиё бисёр муҳим аст.